қалам

қалам
I
[قلم]
а
1. афзорест найин, чӯбин ё филизӣ, ки ба воситаи он хат менависанд, хома, килк; қалами абрӯ қалами махсус барои ороиши абрӯи занон; қалами мӯин ниг. мӯ(й)қалам; қалами нақшакашӣ қалами филизӣ, ки нӯги дулабаи он ғафсу борик карда мешавад; қалами ранга қалами расмкашӣ, ки одатан дар қуттие иборат аз якчанд қалами гуногунранг мебошад; қалами худкор навъи қалам, ки дар вақти навиштан рангаш худ аз худ ба нӯги он меояд; қалами худнавис қалами худкор
2. афзори сангтарош, ки бо он сангро ҳамвор ва дар рӯи он хат ва нақшҳо меканад: қалами сангтарошӣ, қалами ҳаккокӣ
3. маҷ. қобилияти навиштан; лаёқати нависандагию шоирӣ; тарзи таълиф, тариқи иншо; бо қалам бо қаламкашӣ; бо фаъолияти нависандагию шоирӣ; қалам доштан қобилияти таҳрир доштан, қодир ба навиштан будан; қалам кашидан а) хат кашидан ба зер ё болои навиштае (бо мақсади таъкид ё таҳрир); б) хати бутлон кашидан ботил кардан, кӯр кардан чизеро; қалами бурро (ё тез) доштан тезу тунд навишта тавонистан, таъсирнок будани навиштаҳои касе; қалам аз тасвири чизе оҷиз будан барои тасвири чизе сухан наёфтан; дар баёни хубии чизе оҷизӣ кардани сухан; ба даст қалам гирифтан а) омодаи хатнависӣ шудан, хат навиштанӣ шудан; б) киноя аз нависанда шудан; аҳли қалам онҳое, ки бо қалам сару кор доранд, қаламкашон, нависандагону шоирон, рӯзноманигорон; нештари қалам киноя аз сухани тезу тунд, забони таъсирнок; сипоҳи қалам ниг. аҳли қалам; қалам рондан киноя аз навиштан; аз қалам афтодан фаромӯш шудани чизе дар вақти навиштан; фаромӯш шуда ба қайд ё рӯйхат надаромадани чизе; ба қалам додан дигар хел карда нишон додан; ба қалам овардан ба риштаи таҳрир кашидан, навиштан; арбоби қалам ниг. аҳли қалам; рафъи қалам бартараф кардани ҳукм, бекор кардани мукаллафиятҳо; қалами оҳанӣ қаламе, ки нӯгаш аз оҳан аст; қалами афшон қаламе, ки барои афшондани ҳали зар ва нуқра аст, қалами тиллокорӣ; қалами қудрат қалами ҳукми парвардигор, қалами офариниш; қалами пар қаламе, ки аз пари мурғон месохтанд; қалами шикаста як навъ хати қадими борик аст, ки Абдулмаҷиди Дарвешро (давраи сафавия) ислоҳгари он медонанд; қалами настаълиқ а) навъи хат аст, ки аз хати насх ва таълиқ пайдо шудааст; б) қаламест, ки барои навиштани хати настаълиқ махсус гашта буд, ба монанди қалами сулс, қалами таълиқ, қалами насх; қалами шингарф қаламе, ки бо ранги сурхи сурбомехта менависад; қалами даст устухони даст, устухони оринҷ; қалами по устухони рон, устухони по (аз буҷул то зону)
II
[قلم]
а
1. як пораи ба дарозияш буридаи харбуза ва тарбуз, карч, тилим
2. буридан, пора кардан; қалам кардан а) буридан чизеро аз қадаш (шохи дарахт, ё даст ва ангушти касро), ду пора кардани чизе бо зарби теғ; б) бӯлак-бӯлак кардан; карч кардан (харбуза ё тарбузро); қаламқалам кардан пора-пора кардан, тикка-тикка кардан; карч кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Полезное


Смотреть что такое "қалам" в других словарях:

  • Алам — Алам: Алам поселение в Кавказской Албании Алам  арабское имя …   Википедия

  • АЛАМ — (араб.). Ожерелье из жемчуга и драгоценных камней. Словарь иностранных слов, вошедших в состав русского языка. Чудинов А.Н., 1910 …   Словарь иностранных слов русского языка

  • алам — сущ., кол во синонимов: 1 • ожерелье (18) Словарь синонимов ASIS. В.Н. Тришин. 2013 …   Словарь синонимов

  • алам — I [الم] а. дард, ранҷ, озор, ғусса; алам доштан ғамгину аламнок будан, аламзада будан; алам кардан гуфт. таъсир кардан; сахт муассир шудан (аз чизе) II [علم] а. байрақ, ливо, парчам …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қалам — ар. зат. Шаңырақ тесіктеріне кіргізіп қоятын уықтың төрт қырлы сүйір ұшы. ар. зат. Қаламұш орнатып, сиямен жазатын құрал …   Қазақ дәстүрлі мәдениетінің энциклопедиялық сөздігі

  • қаламӣ — [قلمي] 1. мансуб ба қалам; навишторӣ 2. як навъ алочаи одии ресмонӣ, ки нақшҳои борик дорад; кашида ва борик …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қаламқат — [قلم قت] қаламтезкуни устухонӣ (барои найқалам) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қаламқош — [قلم قاش] 1. қаламе, ки бонувон барои зебу ороиши абрӯ ба кор мебаранд 2. абрӯи зебои қаламқошшуда 3. маҷ. зани зебоабрӯ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • алам-астэм — (алам астэмыр) исключительно радушный, ая, ое, гостеприимный, ая, ое Нэгу ихыгъэу, адыгэ хабзэм лъэшэу пылъыныр Лъэшэу алам астэмкIэ къытпэгъокIыгъ …   Адыгабзэм изэхэф гущыIалъ

  • Алам, Муджиб — Муджиб Алам Дата рождения 4 февраля 1948(1948 02 04) Дата смерти 2 июня 2004(2004 06 02) (56 лет) …   Википедия


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»